22 Ноябр 2018
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон беш аз 180 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ субҳи имрӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳр аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил медиҳад. Ба иттилои сохтмончиён дар майдон ҳамзамон бунёди гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳусни шаҳри соҳили Баҳри тоҷик зебоии хоса мебахшад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони шаҳр оғози корҳои сохтмонии майдони мазкурро дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ фоли неку хуҷаста унвон карда, дар назди сохтмончиён ҷиҳати то Наврӯзи соли 2019 омода намудани иншооти мазкур вазифагузорӣ намуд.
Сипас, Раиси вилоят дар маросими оғози корҳои сохтмонии осоишгоҳи замонавӣ дар соҳили Баҳри тоҷик иштирок намуда, ба бунёди иншоот санги асос гузошт. Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки осоишгоҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова сохта шуда, масоҳати умумии он 2,6 гектарро ташкил медиҳад. Осоишгоҳ барои истироҳату табобати 250 нафар пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолони шаҳр аз имкониятҳои шаҳри Гулистон дар самти рушди сайёҳӣ ва истироҳату табобат ёдовар шуда, бунёди боз як осоишгоҳи замонавиро дар канори Баҳри тоҷик ба манфиати кор арзёбӣ кард.
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон Раиси вилоят инчунин бо рафти корҳои таъмиру навсозии муассисаи томактабии “Дилноз” шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод. Муассисаи томактабии “Дилноз” соли 1986 сохта шуда, аз соли 2002 аз фаъолият боз монда буд. Дар асоси супоришҳои роҳбарияти вилоят ин муассиса таъмиру навсозӣ гардида, дар 14 гурўҳ 400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят сокини 101-солаи шаҳр Анастасия Петроваро аёдат намуда, бо ӯ суҳбати самимӣ орост ва ҳамзамон кӯмакҳои моддӣ расонид. Мавсуф иштирокчии ақибгоҳ дар замони Ҷанги Бузури Ватанӣ буда, имрӯз бо шукргузорӣ аз замони осоишта давлати пирӣ меронад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд