18 Май 2015
Ба варзиш машғул шудан боиси осоиши руҳу тани инсон аст. Беҳуда бузургон ашхоси ба варзиш машғулбударо ба табиб, дорую даво эҳтиёҷ надоранд, нагуфтаанд. Инчунин, варзиш кӯдакону наврасонро аз корҳои ношоиста, нашъамандию қаллобӣ, ғоратгарӣ ва амсоли ин гуна амалҳои зишт боздошта, онҳоро ба роҳи рост, меҳру муҳаббат ба ватану модар ҳидоят намуда, обутоб медиҳад.
Субҳи якшанбе хурду калони сокинони шаҳр ба назди чорроҳаи Хадамоти оташнишонӣ ҷамъ омаданд. Чорабинии анъанавии Дави миллӣ оғоз ёфт. Маросими ҷамъбасти маъракаи варзишӣ дар назди бозори «Пӯлодиён» доир гардид.
Нахуст Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оид ба оммавияти варзиш ҳарф зада, таъкид дошт, ки варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстӣ ва мактаби обутоби солимӣ хидмат мекунад.
Баъдан, дар идомаи баромад аз муваффақияту музаффариятҳои варзишгарони шаҳр суханронӣ намуд. Сипас, ба онҳое, ки дар чорабинии варзишӣ вобаста ба синну сол мақомҳои ифтихориро соҳибӣ карданд туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси шаҳр тақдим карда шуд.
Рӯзи дави миллӣ дар шаҳракҳо низ бо ҷалби зиёди аҳолӣ ба таври муташаккилона гузашт.