Матни равон

 

 

Минбари ҳизби террорист «паём.нет», ки дар яке аз кишварҳои назди соҳили Балтика фаъолият мебарад, санаи 22.11.2018с. бо иқтибос ба ниҳоди озодиҳои ИМА изҳори шодӣ кардааст, ки Тоҷикистонро дар «листи сиёҳи ин ниҳод» ҷой кардаанд. Ҳизбе ки   тавони сиёсиаш дар маҳдудаи сомонаи «паём.нет» олуда шудааст. Ин ҳам бинобар нафспарастии наҳзатиҳо ва беибо хурдани сармояи байтулмол аз ҷониби раҳбарият ва раёсати ба ном шурои олии ин ҳизб, ки ба таври истисноӣ хурофотзадаанд, мебошад. Ин даъвоҳои наҳзатиҳои ғоиб, ҳарзагӯй ва ботилро чунин рад мекунем:

Якум, сараввал, бояд зикр шавад, ки дар боло рафтани сатҳи диндорӣ, наҳзат ҳамчун абзори хурофотпарастӣ, яке аз омилҳои аслӣ маҳсуб мегардад. Бо фирор додани ҳадди аксари аҳолии як вилоят ба Афғонистон дар солҳои 90-ум, онҳоро бо таҷрибаи ихвонии исломпарастӣ шинос ва дар миёни онҳо таҷрибаҳои норавои исломикунонии афғонмеҳвари ҷомеаро роиҷ карданд.

Дуюм, бо роҳи дар тамос шудан бо ҳаракатҳои ифротӣ, ТТЭ ҳизби наҳзат, ақидаҳои инқилобиро содир карданд ва бо худ оварданд.

Сеюм, инҳо тафовути муборизаи сиёсиро чун аз дониш ва биниши кофӣ орианд, ба ғалат гирифтаанд. Ба худ ислоҳотхоҳи динӣ ном гузоштан, фиреби назар ва бешармии рӯирост аст. Ин ҳизб аз оғози фаъолияташ бо хуну хасм гиреҳ хӯрдааст. Онро ба ҳеч сурат наметавон ислоҳотхоҳ  донист. Ислоҳоти онҳо дар ҳадду сарҳади чигунагии тақсимоти кулух маҳдуд мешавад. Ислоҳотро дар решаёбии динӣ мебинанд ва чун зоҳирпарастони асримиёнагӣ, тарзи пӯшиш ва кӯшиши якҷонибаи мазҳабиро дар хизмати парвариши ақидаи пуч гиреҳ медиҳанд.

Чорум, дар таҳзаминҳои хобгоҳҳои муҳоҷирон ҷой гирифта, худро бо ду дасти адаб рӯ ба раҳми Худо ғулом сохта, наҳзатиҳо дар бораи озодиҳои динӣ шиорпартоӣ мекунанд.  Ин фиреби назар ва ҳилаи шаръӣ беш нест.

Падидаи дигаре ки наҳзатиҳо ҳамеша ба моил буданд ва фаҳмидаву нофаҳмида ҷомеаро ба бероҳагӣ ҳидоят медоданд, мафтуншавӣ аз тимсоли мулло ва падидаи эшонпарастӣ буд. Ин тамоюли муллопарастӣ ба сони баъзе кишварҳои «ҳамзабон», то андозае зиёд буд, ки шиорҳои равшанфикрони ин давра, аз тарафдорони ҳуҷҷатисломиҳо тафовут надошт.

Яъне ба таври нохудогоҳ, тандеми мулло ва ифротгаро ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Тоҷикистони тоза ба Истиқлол расида, таҳрик карданд ва ба ҷабҳагирии хилофи манфиатҳои дарозмуддати мардум, водор менамуданд.

Ин табақаи ғӯтавар ба номи наҳзатӣ дар андешаҳои хоми худ бобати оянданигарӣ ва тақдири миллат иттилооти саҳеҳ ва тавони  таҳлилу таҷзияи қонунҳои ҷомеаро надорад, куҷо расад ба маҳкум кардан.

Форсивони Кабиров, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3937
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3937
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55074
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264586

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?