18 Май 2015
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки аз дастандаркорони озмун барои беҳтарин барномаҳои бунёд ва таҷдиди нерӯгоҳҳои тавлиди барқ мебошад, лоиҳаи таҷдиди НБО-и Қайроқумро, ки аз ҷониби ширкати “Барқи Тоҷик” ба ин озмун пешбарӣ шуда буд, аз беҳтаринҳо арзёбӣ кард.
Ба иттилои роҳбарияти НБО-и Қайроқум санаи 15 май дар Гурҷистон ба намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” барои ғолибият ҷоиза тақдим шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроқум бидуни расонидани зарар ба муҳити зист нерӯи барқ истеҳсол мешавад, ки ин аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст.