21 Май 2015
20 май дар Кохи Истиқлол мулоқоти Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо ҷавонон баргузор шуд. Раиси шаҳр зимни суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, атрофи масъалаҳои шароити мусоид фароҳам овардан баҳри нерӯ ва заковати ҷавонмардони онҳо бо ҳадафи сарҷамъии миллату ободии Ватан, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ дорад ҳарф зад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша дастгиру ҳимоятгари сиёсати дурнамои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» буда ҳамаи пешниҳоду иқдомҳои наву созандаи онҳоро ҷонибдорӣ хоҳад кард, -таъкид дошт Раиси шаҳр.
Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нуров низ назди ҳозирин баромад кард. Доир ба масоили вусъати варзиш, ташкили вохӯрӣ бо адибон, саҳмгузории ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, маориф ва амсоли инҳо бархе иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Аз чониби Раиси шаҳр ба суолҳои ҷавонон посухҳои саҳеҳ дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот як гуруҳ ҷавонон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ гардиданд.