Матни равон

Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии  Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дакр намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, бо ҷалби рӯҳониёни ифротӣ, наҳзатиёни фуруӯхташуда ва зери назари аҷнабиён нишсту вохӯроҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад. Нигарониҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз он далолат медиҳад, вай фикри обрую нуфузи худро намуда, ки ба манфиатҳои сиёсиаш бисёр латма ворид кардааст. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин нишастҳоро ташкил намуда, мекӯшад гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунад. Вале намедонад, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ огоҳ ҳастанд. Бар замми ин, раҳбари ҳизб тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, дар бораи ифротӣ будани пайравонаш ҳарфе намегӯяд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо думравони ифротияш давлату миллати тоҷик - сарзаминеро, ки дар он мутаваллид шудаву ба воя расидааст, зери танқид қарор медиҳад.

Раиси фирории ТТЭ ҲНИ бояд шикоят аз аъмолу фаъолияти аъзоёнаш дошта бошад, ки дар авҷи қудрат ба хотири манфиати гурӯҳӣ пойдории сулҳу ваҳдатро халалдор сохт ва ҳоло бо шаклу намудҳои гуногун бозиҳои пасипардагии худро давом дода истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамагуна расонаҳо, чӣ ғайрирасмиву чӣ хусусӣ дар бораи бадкирдориҳои наҳзатиён ва аъзоёни он менависанд. Агар мо ба моводи расонаҳои давлатӣ шубҳа пайдо кунем, дар  нигоштаҳои расонаҳои мустақил ва ё шахсӣ (хусусӣ) ҳамин мазмунро дарк мекунем, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ё ифротӣ аст, ё ба кадом амали нопок даст мезанад. Аз нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ пай бурдан мумкин аст, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ, махусан, ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ чи нақши нангине дар ҳаёти имрӯзаи мо дорад ва ба воқеаҳои ҳаётӣ сарсарӣ муносибат карда, тавозун ва дӯстиро аз байн мебарад. Пас, воситаҳои иттилоотии мустақил низ ақидаҳои наҳзатиёнро ботил мебароранд ва ТТЭ ҲНИ-ро сабабгори ҳамагуна бадбахтиҳо медонанд.

Маълум нест, ТТЭ ҲНИ то ин дам чӣ кореро ба нафъи халқ ба сомон расонида, ки ақидаҳои интиқодиро нисбат ба давлату миллати тоҷик пеш меорад. Ва боз хостори идомаи он ҳаст, вале мо аз аъмоли хиёнаткорона ва душманонаи онҳо бохабар ҳастем.

Кабирии ҳарисниҳод ва ҳиллагар, ки ба як тааммул гиреҳи ҳазор мушкилиро кӯшиши кушодан мекунад, бо ним лаҳза сад навъ ҳила дар хотираш мегузаронад, то ҷавононро гумроҳ намуда, ба худ ҷалб созад. Таваҷҷуҳи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии икшварро мехоҳанд, ба он равона мекунад, ки гӯё рафтори давлату ҳукумат тамоман қонеъ нагардидани ҳаёти ҷомеа аст ва афродеро маҷбур месозад аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Ҳарчанд танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин созад ва бароварда гардонад. Аммо ТТЭ ҲНИ берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебаранд.

Раҳбари фирорӣ бо дасисаҳои такрорӣ дар миёни балоҳо монда, чӣ кор кардан ва ин ҳайратро ба чӣ ҳила дафъ сохтан, қиссаи пурғуссаи худ ба кӣ гуфтан ва давои дарди бедармони худ аз кӣ ҷустанро намедонад. Ҳоло дарҳои бало ба сӯи ӯ боз аст ва роҳ ба манзили оқибаташ бас дуру дароз. Анвои офатҳо ба истиқболи ӯ рӯй кушода ва роҳи гурез баста шудааст. Акнун Кабириро дар ин вартаи бало ҳеҷ паноҳе ва ҳеҷ дастгире нест, ба ҷуз аҷнабиён. Ҳарки ақли қавӣ дошт, то ки ба даҳшату хиёнат роҳ надиҳад аз ӯ дур шуд. Ҳарки гумроҳу ҷоҳил буд, думрави Кабирӣ боқӣ монд.

Рустам Раҳимов, сиёсатшинос

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:705
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4820
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55957
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265469

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?