Матни равон

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳад, тундгароии исломӣ дар шароити нав дар дасти як гурўҳи муайян, ба монанди Ҳизби фаъолияташ мамнӯйи наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дошта, ба як воситаи муҳими таъсиррасонӣ ва муборизаи сиёсӣ табдил ёфт Ҳарчанд эълони ошкорои ин созмони террористӣ таъсиси як давлати исломӣ дар Тоҷикистон набошанд, ҳам вале длар асл мақсади ниҳоии онҳо ташкил намудани хилофат ва ба дар асоси исломи фундаменталӣ идора намудани кишвар мебошанд. Қувваҳои беруна барои хусусияти тундгароёна касб намудани ин ҳизби мамнуъ манфиатдор ҳаст.

Фаъолияти ин ҳизб нишон  медиҳад, ки   ислом   маҳз  ба он  ҷое  меояд, ки   дар  он  таҳсилот ва ҷаҳонбинии  илмӣ  арзи  вуҷуд  надорад. Толибон, Давлати  исломӣ, наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун мисол шуда метавонанд. Давлати  исломӣ  нисбат ба Толибон, ки  солҳои  зиёде  дар  ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон  вуҷуд  доранд,  рамзи ҷолиби  муборизаю диндории исломгароёни  ҷавони ҷумҳурӣ  мегардад, ки албата нақши ҳизби наҳзат барои пур кардани сафи Давлати исломӣ «мусоидат» намуд.

Тавре  ки  мебинем, имрӯз  на  фақат  Толибон  барои  ҷамъияти  имрӯзаи  Тоҷикистон даҳшатоваранд. Душмани  аз  ин  ҳам  даҳшатноку хавфноктар  мавҷуд  аст, ки  он ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Исломгароёни тоҷик аксаран  дар  сомонаҳои  иҷтимоии  Интернет ва дар  дигар  воситаҳои ахбори омма инро зикр мекунанд.

Чуноне мушоҳида мешавад, равандҳои  исломигардонии ҷомеа  ва сиёсигардонии   ислом  пайваста бо  раванди дар ҷамъияти  Тоҷикистон  ҷорӣ  намудани  шуури  динӣ  сурат  мегирад. Худи  наҳзатиҳо, ки дар  сурати ба даст овардани ҳокимият ғуломфурӯширо рӯи  кор  меоварданд, мисоли равшани ҳаминанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои пасошӯравӣ ягона ҷумҳуриест, ки дар он ҳизби динии террористӣ дар симои ҲНИТ вуҷуд дошта, барои ҳокимият мубориза мебарад. Ин мубориза на танҳо сиёсист, балки идеологӣ — ҷаҳонбинӣ мебошад.

Имрӯз ин ҷанги идеологии ҷаҳонбиниро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва дигар ВАО наҳзатиҳои ифротӣ бурда истодаанд.

Ҳамарӯза нашри маводҳои интиқодӣ нисбати Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ ва гунаҳкор намудани ҳукумати кишвар дар маҳдудиятҳои динӣ далели гуфтаҳои боло мебошад. Бо ин роҳ миёни аҳолӣ ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ машғул мебошанд. Интиқоди шадид аз Президенти кишвар ва ниҳодҳои қудратӣ танҳо бо мақсади миёни мардум паҳн намудани ақидаҳои ғаразнок мебошад.

Ҳоло он ки дар оғози истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид вуҷуд дошт, ки онҳо дуруст фаъолият намекарданд. Таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои тоҷикон дар соли 2009 воқеан исбот кард, ки тоҷикон ҳукумати Тоҷикистон пуштибони арзишҳо ва муқаддасоти воқеии дини мубини ислом ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба зиёдаравӣ ва ифротгароии динӣ роҳ намедиҳанд.

Кишварҳои абарқудрат ғояҳои идеологии ҳамин сиёсатро бо тарҳу мазмуни нав дар кишвари Тоҷикистон аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон истифода бурда истодаанд. Андешаҳои бегона аз ҷониби наҳзатиҳо, ки дар мадрасаҳои динии хориҷӣ таҳсил кардаанд, ба хотири коҳишдодани арзишҳои мероси динӣ мазҳабии ниёгон роҳандозӣ мешавад. Ҳақиқат инҷост, ки ислому наҳзат ба терроризм ягон робита надоранд.

Шамсиддин Шӯҳрат

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1531
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5646
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:56783
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8266295

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?