Матни равон

Адибони ваҳдатсароНеруи фавқулода ва ҷовидонии фарҳанги миллии мо дар он хулоса мешавад, ки тавонистааст низоъҳои ақидагӣ ва сиёсиро, ки дар тӯли идомати таърихи пурошӯби миллати тоҷик вуҷуд дошт, бо пайдо кардани солимтарин, муносибтарин ва инсонитарин равишҳо ва шеваҳо ба кор гирифтани арзишҳои олии башарӣ ҳаллу фасл намояд.

Ҳайфу дареғ аст, агар касе ин нақдро раҳо кунад ва дигарбора аз сафҳаҳои моҷароии таърих баҳонаҳои хусумат, низоъ, парокандагӣ ва душманӣ, худинкоркунӣ ва адовати миллию фаромиллио ҷустуҷу намояд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз зумраи санаҳои бузургест, ки дар таърихи навини кишвари тоҷикон нақши муҳиме дорад. Ваҳдат гавҳари гаронарзишест, ки он бо заҳмату машаққати зиёд таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун василаи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

Адибони ваҳдатсароДа вохӯрӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо адибони ваҳдатсаро, ки дар толори Кохи Истиқлол рӯзи 28 май доир гардид аз ормонҳои олии ваҳдати комил сухан рафт. Чорабинӣ бо суханронии муовини Раиси шаҳри Қайроққум Ғайратҷон Оқилов ифтитоҳ ёфт. ӯ дар бораи нақши адибони тоҷик дар тантанаву пойдории ваҳдату дӯстӣ ҳарф зад.

Шоираи хушкалом Адиба, ҷурналист Мавлуда Шарифова, шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ, муаррихи шинохта, профессор Усмонҷон Ғаффоров, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуруллоева, адиби қайроққумӣ Илҳом Раҳим оид ба моҳияти ваҳдату дӯстӣ самимию пурмазмун баромад намуданд. Адибон аз ашъори хеш намунаҳо қироат карданд. Ҳунарнамоии санъаткорон Соҳиба Каримова, Яздон Дӯсталиев, Азимҷон Холов, Зулфия Маҳмудова, Шохрух Шамсиев ва Носирҷон Раҳимов маҳфилро боз ҳам рангину ҷолиб намуд. Вохӯрии адибони ваҳдатсаро бо сокинони шаҳри Қайроққум дар хотирҳо таассуроти неке боқӣ гузошт.

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1555
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16901
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40904
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199659

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?