Матни равон

Намояндаи созмони байналхалқии “Дифо аз ҳуқуқи инсон” (Хьюман райтс вотч) Стивв Свердлов, хабареро таҳти унвони “Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон: бад буд, бадтар шуд” интишор намуда, дар бораи поймол шудани ҳуқуқи рӯзноманигорон, ҷонибдорони мухолифини Ҳукумат ва хешовандони онҳо, фишор ба  дигарандешон, озодии гирдиҳамоӣ, озодии баёни андеша, озодии дин ва ғайра ҳадс задааст.

Ин паёмакро низ мисли дигар хабарҳои шум,  хулосаҳо ва андешаҳои муғризонаи баъзе созмонҳои байналхалқии ба ном ҳимоятгари ҳуқуқу озодии инсон, вале дар асл таблиғгарони хусумат, хушунат, тахрибкорӣ, кинаву адоват дар ҷомеа чизи беш шуморидан хатост.

Саволе ба дастандаркорон, “таҳлилгарон”-и чунин созмонҳо матраҳ мегардад, ки чаро бедодӣ, харобкорӣ, хунрезиҳое, ки аз ҷониби созмонҳои террористӣ-экстремистӣ, хадамоти махсуси баъзе абарқудратҳо, аз ҷумла ИМА, Эрон ва ҳазорон зулму бедодӣ, беадолатӣ, қонуншиканӣ, таҳқири ҳуқуқ ва шарафу номуси инсон, ки имрӯз дар Ироқ, Сурия, Афғонистон ва баъзе дигар минтақаҳои даргири олам,ба вуқӯъ мепайвандад, аз назари ин “ҳомиёни” ҳуқуқ, адолат, озодӣ пинҳон мемонад.

Гарчанде созмони мазкур ва намояндаи он Стив Свердлов худро ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон мепиндорад, дар амал мақсади аслии он коштани тухми кинаву адоват, хушунат дар байни мардум, сиёҳ кардани сиёсати давлатҳои ҷудогона мебошад.

Баракси арзёбии муғризонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони на чандон маълум ва салоҳияташ шубҳаовар, имрӯз вазъи ҳуқуқ, озодӣ ва дигар арзишҳои маънавии инсонро дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва ғайра эътироф ва одилона баҳо додаанд.

Суоли дигаре матраҳ мегардад, ки чаро Стив Свердлов ва ин созмон дар бораи фаъолияти экстремистӣ-террористии ҲНИ, бедодгариҳои он, бадбахтиҳое, ки сарварони ин ҳизб, хоҷагони пасопардагии он, кӯшиши табаддулоти ҳарбии генерали хоин Назарзода Ҳ., куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи террористии ҲНИ  ва дигар зулму истибдод дар Тоҷикистон таи солҳои охир ба амал омад, ҳарфу садое баланд намекунанд. Аз ин хулосае бар меояд, ки ин созмон на ҳимоятгари ҳуқуқ ва озодии инсон, балки ҳимоятгари пасопардагии террористону ҷинояткорон, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сарварони маслакфурӯш, миллатфурӯш, ватанфурӯш, дину мазҳабфурӯши чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрав мебошад.

Онҳо  баъзе рӯзноманигорони хоину фурӯхташуда, мухолифини ифротгаро, ҷинояткорони ашаддӣ, тоҷирони силоҳ ва маводи мухаддирро чун нафарони ҷабрдида қаламдод намуда, Ҳукумати Тоҷикистонро бо “айбу гуноҳи” сохтаву бофтаашон сиёҳ карданӣ мешаванд.

Фолбиниҳои Стив Свердлов оид ба бад будан ва бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамон мақолеро ба ёд меорад, ки оина дар чашми шахси каҷбин каҷ метобад.

Стив Свердлов дар асоси ҳадсзании бофтаву сохта, хаёлу гумони ботил мехоҳанд, ки ҷомеаи ороми кишвари моро халалдор созанд, вазъиятро муташанниҷ намоянд ва ба ҳамин васила мақсаду ниятҳои нопокашонро амалӣ намоянд.  Мардуми шарафманди тоҷик чи будани озодиву адолати аслӣ ва сулҳу оромиро хуб медонад ва фирефтаи чунин суханону гуфтаҳои пучу беасос, бӯҳтон ва бозиҳои сиёсии муғризонаи “ҳомиёни” беаслу насаб, фурӯхташуда ва лӯхтаки мақомоти ҷосусии абарқудратҳо ниёз надорад.

Шавкат Шарифов, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:76
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1843
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8834
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10498
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15027
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8291128

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?