09 Июн 2015
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум аз марги раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қайроққум Валиев Ашӯрмат Валиевич андуҳгин буда, ба аҳли пайвандону наздикони ӯ ҳамдардӣ баён менамояд.
Валиев Ашӯрмат Валиевич 6 январи соли 1945 дар деҳаи Хишекати ноҳияи Ғончӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ӯ соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, дар як вақт ба ҳайси устоди кафедраи ҳарбии ҳамин донишгоҳ фаъолият бурдааст. Ашӯрмат Валиевич аз соли 1970 то соли 1992 дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст. Аз соли 1993 то соли 1994 ба ҳайси мутахассис ва аз соли 1994 то соли 1999 ба ҳайси мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Ашӯрмат Валиевич аз соли 1999 то соли 2007 дар шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум кор карда, аз соли 2007 то инҷониб ба ҳайси раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Қайроққум фаъолият намудааст.
ӯ барои хизматҳои арзандааш бо чандин медалу ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.