10 Июн 2015
Байни дастаҳои мактаби рақамҳои 12 ва 3 мусобиқаи футбол барои дарёфти ҷоми «Тӯби чармин» дар варзишгоҳи «Апрелевка» доир гашт. Тими МТМУ-и №12 ҳунари хуб нишон дода ба ҳисоби 2-0 дастболо ва соҳиби ҷом гардид.
Чунин мусобиқа байни 5 дастаи муассисаҳои таълимии рақамҳои 12, 13, 4, 5 ва 7-и Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар деҳаи Зарчашма баргузор шуд. Мақоми аввалро дастаи МТМУ-и №12 ва дастаи мактаби рақамҳои 5 ва 3 ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд. Ба ғолибон раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматов Ифтихорнома ва медалҳоро супорид.