Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд беморхонаи ноҳиявии рақами 3-ро бо 120 кат мавриди истифода қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намудҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд, то мардум аз хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ баҳравар шаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи мазкур соли 2017 оғоз гардида, барои анҷоми босифати корҳо коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Бинои беморхона дар масоҳати умумии 2 гектар бо тарҳи зебову замонавӣ  сохта шуда, аз 3 ошёна, таҳхона, шуъба, бахшҳои муоина ва табобатӣ иборат мебошад.

Дар таҳхонаи беморхона таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири рентгенӣ, озмоишгоҳ ва безараргардонӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, барои шустушӯйи сару либос дастгоҳҳо дастрас ва барои ҷобаҷогузории асбобҳои хоҷагидорӣ низ шароити хуб муҳайё гардидааст.

Барои ташхису муайян намудани бемориҳо, анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ ва дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои кӯдакона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 81 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ истеҳсоли Ҷумҳуриии Мардумии Чин, Олмон ва Япония ворид шуда, барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб карда шудаанд.

Аз шароити муосири хизматрасониҳои тиббии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3 қариб 42 ҳазор нафар аҳолии деҳоти мазкур истифода мебаранд.

Бо бунёди беморхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, табибону мутахассисони соҳа имкон доранд, ки дар шароити мусоиди корӣ тамоми намуди бемориҳоро бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муайян ва сари вақт муолиҷа намоянд.

Бахши гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон, қабули беморон, ташхис ва маслиҳатдиҳӣ, ҳуҷраи хатна, шуъбаҳои физиотерапевтӣ ва катҳои ҷарроҳӣ дар ошёнаи якуми беморхона ҷойгир буда, дар онҳо мутахассисони дараҷаи олии соҳа ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бинои нави муолиҷавӣ ғайр аз шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ ҳамзамон шуъбаи нави ҷарроҳии калонсолон ва шуъбаи бемориҳои кӯдакона дар якҷоягӣ барои 40 кат, шуъба барои муолиҷаи бемории асаб ва шуъбаи бемориҳои дарунӣ бо 40 кати дигар таъсис дода шудаанд, ки бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа имкон аст тамоми намуди ҷарроҳии калонсолону кӯдакон, табобати бемориҳои дарунӣ ва асаб сари вақт ва бе нуқсон гузаронида шаванд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1120
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2896
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11054
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9175
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8753902

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?