24 Июн 2015
Дар толори Кохи Истиқлол дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шарафи санаи 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъаовар барномаи консертикунонидашуда баргузор гардид.
Дар он намояндаи Раёсати Агентӣ дар вилоят Шӯҳратҷон Абдуллозода баромад карда, роҳҳои пешгирӣ аз ин маводи марговар ва оқибатҳои хатарноки он ба саломатиро қайд намуд. Мудири бахши кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муслимахон Исоқова низ оиди ин мавзӯъ сухан ронд.