21 Август 2015
«Сухани халқ» 22 июли соли 2015, № 26
Аёдат
Чунин ном дорад хабаре, ки оид ба кӯмаки яквақтаи пулӣ ба ашхоси ниёзманд дарҷ гардидааст.
Қаноатманд шудам
Таҳти ҳамин сарлавҳа маводи раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова чоп шудааст.
«Согдийская правда» №61, 22 июли соли 2015
Строим всем миром
Маводи номбурда ба қалами Л.Негматзода тааллуқ дошта, он мумфаршкунӣ, ифтитоҳи бинои Ҷамоат ва маркази атласу адрасбофиро дар шаҳраки Сирдарё фарогир мебошад.
«Светлячок» - отдқх на берегу
Муаллифи мақола Л.Негматзода таътили тобистонаи наврасон дар лагери мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
«Садои мардум» 25 июли соли 2015, №99
Идомаи бунёдкориҳо
Оид ба харидорӣ ва мавриди фаъолият оғоз гирифтани корхонаи «КМ Адрасмон» аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой маводи А.Салимзода интишор гардидааст.
«Саломат бошед!» 5 августи соли 2015, №13
Эҳёгари «чароғи тобон»
Таҳти чунин унвон маводи Рустамҷон Одизода дар бораи сарвари маркази стоматологии «Сино» Гуландом Темирова манзури муштариёни вилоят гардидааст.
Ҳифзи солимии модару кӯдак дар мадди аввал
Ҳамин нашрия мақолаи Савриҷон Бойматова, менеҷери сохтори госпиталии шаҳри Қайроққумро оид ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ чоп намудааст.
Мададгор
Муҳаммадшарифи Бобошароф бо чунин ном ба духтури Маркази саломатии шаҳр Гулнораи Ғафурҷон шеъри нави хешро эҳдо кардааст.
«Ҳақиқати Суғд» 6 августи соли 2015, №94
Замона куҷо равон аст?!
Сокини шаҳри Қайроққум Савринисо Одилова андешаҳои хешро бобати интихоби либос дар мавод иброз медорад.
«Согдийская правда» №65, 8 августи соли 2015
Радостҳ обғения
Л.Негматзода дар ин нигоштааш аз амали хайри Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода доири оростани дастархони идона барои 180 нафар ашхоси ниёзманд хабар додааст.
Новқй парк «Меҳри модар»
Аз бунёди гулгашти нав дар шаҳр муаллифи мақола Л.Негматзода дарак медиҳад.
«Садои мардум» 13 августи соли 2015, №108-109
Осоишгоҳи «Адрасмон»
А.Салимзода аз ифтитоҳи осоишгоҳи «Адрасмон» муштариёни рӯзномаи ҷумҳуриявиро воқиф сохтааст.