Матни равон

Хориҷипарастии «Ислоҳ нет»-и наҳзатӣ

 

Агар шахс мақолаи навбатии пур аз ғарази Ислоҳ нет «Найрангҳои нав ё пеш аз сафари Раҳмонов»-и Ислоҳ нет-ро хонда бощад, бори дигар мутмаъин мегардад, ки то чӣ андоза ин лонаи чосӯсӣ аз хориҷиҳо химоят мекунад ва пойбанди онҳост. Ба навиштани чунин маводҳо онҳо соҳиби чанд пагон буданашонро ҳам нишон додаанд. Мавзуи сафари Чаноби олӣ, Президенти кишварамонро баҳона намуда аз «Радиои озодӣ» пуштибонӣ доранд. Гуё, ки Президенти Радиои озодӣ язнаашон бошад ва ҳамзамон дар ин мавзуъ хоҷагони хориҷиашонро ҳам ифшо намудаанд, ки онҳо вакилони сенати Амрико, конгрессменҳо, муовини вазорати хориҷаи Амрико ва Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон мебошанд.

Боиси зикр аст, ки вақто, ки мӯҳлати аккредитатсияи хабарнигори “Озодӣ” ба итмом мерасид, пеш аз ҳама наҳзатиҳо ба ташвиш афтода аз тамоми минбарҳо баромад намуда, аз озодии сухан ва ҳуқуку озодиҳои хабарнигорон ҷоғ мезаданд ва акнун, ки он хабарнигорон иҷозати идомаи фаъолиятро гирифта бошанд ҳам, наҳзатиҳо фолбиниҳои худро идома дода истодаанд.

Ислоҳ нет ба мисли он шағолак аз филми тасвирии «Маугли»-ро ба ёд меоварад, ки палангро ҳамроҳӣ намуда, доимо ибораи «мо ба шимол меравем, мо ба шимол меравем»-ро такрор менамояд.  Ислоҳ нет бошад Тоҷикистонро аз вакилон ва конгресменҳои амрикоӣ тарсонида истодааст. Гуё Президенти кишварамонро, ки рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар дорад, мушкилиҳои зиёде интизор аст. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ наҳзатиҳо ба ин андоза бегонапарастанд? Барои чӣ онҳо дар ҳар маврид моро аз Амрикову Аврупо метарсонанд. Магар онҳо тоҷик нестанд ва Тоҷикистон Ватани онҳо нест. Аз навиштаҳои онҳо маълум мегардад, ки барои наҳзатиҳо азизтар аврупоиҳо ва амрикоиҳост.

Пеш аз ҷаласаи САҲА низ наҳзатиҳо доира мезаданд, ки акнун намояндагони Точикистон бо мо рубарӯ мешаванд ва бо мо як ба як мешинанду ба саволҳои мо ва САҲА ҷавоб мегӯянд ва ғайраву ҳоказо. Аммо дар натиҷаи ин ҷаласа наҳзатиҳо аз иштирокашон пушаймон шуданд. Кабиру сағири онҳо ба ғайр аз чор ҷумлаи тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон дигар гапе надоштанд. Шармандавор ҷаласаро тарк намуданд. Намояндагони Тоҷикистон бошад бо як сарбаланди ба Ватан баргаштанд.

Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки наҳзат айни замон як шиор дорад, ки он ҳам бадном сохтани давлату миллати тоҷик мебошад. Дигар ба ягон кор қодир нест ва ҳатто дар байни худ созиш надоранд, чӣ кор карданашонро намедонанд. Агар онҳо аз ин шиорашон даст кашанд, аз куҷо дар Аврупо зиндагӣ карда метавонанд.

 

Абдукарим Рашидов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1455
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13868
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92255
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632100

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?