Матни равон

ДУШАНБЕ 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14-15-уми январи соли 2020 сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот ба Тоҷикистон доир гардид.

Зимни сафар, мулоқоти ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор шуд.

Дар рафти музокирот масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.

Ҷониби Афғонистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад, изҳор дошт, ки бо мақомоти низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ду кишвар ва минтақа дар вобастагӣ бо хатарҳои нави геополитикӣ, таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Тарафҳо ибрози нигаронӣ карданд, ки қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни тахрибкори байналмилалӣ ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст. Ин ҳолат, боиси эҷоди хавфу хатар барои кишварҳои ҳамсоя низ мебошад.

Дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра таъкид гардид.

Ҷониби Тоҷикистон миннатдории худро ба Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ҷиҳати ошкор сохтан, муборизаи беамон бурдан ба муқобили  гурӯҳҳои террористие, ки омодагии махсус дида, барои содир намудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Тоҷикистон супориш гирифта буданд, изҳор дошт.

Тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамкориҳо барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид карданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум сурат гирифт ва барои вусъати тоза бахшидани муносибатҳои шарикона дар шароити кунунӣ ва оянда мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот Раиси РУАМ ҶИА аз натиҷаи ташрифи худ ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз Раиси КДАМ ҶТ даъват ба амал овард, ки дар фурсати муносиб ба Афғонистон сафар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:26
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9118
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18034
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7750424

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?