Матни равон

Мо шоҳиди онем, ки гурӯҳҳои террористӣ аз номи ислом ва бар зидди дини ислом баромад карда, ҷомеаи ҷаҳонии муосирро ноором сохта истодаанд. Имрўз гурўҳҳое пайдо шудаанд, ки дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд. Ҳаракати террористии ДИИШ, Ал-қоида, салафия, Ҳизб-ут-таҳрир ва чандин дигар гурўҳҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дини исломро барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Ин гуна ҳаракатҳо барои ҷомеаи мо хатарзо мебошад.

Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ асосан ҷавонони бесаводу ноогоҳро ба боварии худ дароварда, шахсоне, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машѓулияти муайян надорад аз зудбоварӣ ба гурўҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Шомилшавӣ ва оқибати он ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг анҷом меёбад.

Таассуфовар он аст, як зумра ҷавонони кишвар ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳамроҳ шуда, дар муҳорибаҳо дар кишварҳои бегона иштирок доранд. Ва сабаби асосии шомилшавии ҷавонон ба равияҳо огоҳ набудан аз дониши мукаммали диниву дунявӣ аст.

Террорист давлату миллат ва забон надорад. Нафаре, ки ватани ороми худро тарк карда, дур аз диёр барои ноором кардани кишвараш мекeшад ҳеҷ гоҳ соҳиби марзу бум ва модару Ватан нест. Мардуми кишварамон бо азобу машаққатҳои зиёд дар сарзаминамон сулҳу суботро пойдор намуданд.

Намегузорем то ҳадафи нопоки нохалафе сулҳу суботи диёрамонро халалдор кунад. Мо набояд бетараф бошем, пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову тундгаро бигирем, соҳиби касбу ҳунар шавем ва Ватанамонро ободу зебо гардонем.

Имрўз Ҳукумати кишвар пешгирии зуҳуроти номатлуби ифротӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Итминони комил дорем, ки сулҳи бебозгашту пойдори кишвари моро ҳеҷ кас халалдор намесозад. Мо бо бунёдкорӣ созандагиву ташаббускорӣ баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиамон саҳм мегузорем.

Умеда Комилова,

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1604
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14017
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92404
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632249

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?