Матни равон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии иди саиди Фитрро, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусалмони мо мебошад, воқеан бар маромҳои инсондӯстиву мурувват ва ваҳдату меҳрубонӣ бунёд ёфтааст, бароятон табрику таҳният мегӯям.

Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки озодона ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро таҷлил ва пос дорем. Соли ҷорӣ моҳи шарифи Рамазон дар марҳилае қадами мубораки худро ба диёри мо гузошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузурги таърихӣ – 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ин рӯйдоди азим дар ҳаёти кишвари озоду озодаи мо бори дигар шаҳодат бар он менамояд, ки бо саъю кӯшишҳои пайгирона ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо бо кулли мамолики ҷаҳон таҳкими бештар меёбанд.

Итминон дорам, ки он ҳама сабақу илҳоме, ки ба ҳар яки мо моҳи шарифи Рамазон дар давоми як моҳ талқину ҳидоят намуд, минбаъд барои дучанд боло рафтани самара ва маҳсулнокии фаъолияти меҳнати бунёдкоронаи мо мусоидат хоҳанд намуд. Ватанпарварӣ ва ҳисси худшиносии мо афзун гардида, барои зиндагии осудаву хуррам ва шоиставу арзанда боз як қадами муҳим мегардад. Чуноне Пешвои миллат таъкид намудаанд:

«Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ айёми анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла дар бобати дастгирии ниёзмандону дармондагон ба ҳисоб меравад».

Дар ин замина, бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри Рӯза низ савоби зиёд дорад.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо, вакилони халқ, сохторҳои тиҷоратӣ ба оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кӯмак мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маҷрӯҳону пирони танҳо, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст мебошад.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки коронавирус моро ҳушдор медиҳад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем. Риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад ва ин талабот дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст. Дар раванди дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд итминон дорем, ки мо ин марҳилаи душворро низ бо сари баланд ва аҳлона паси сар хоҳем кард.

Бо самимият тамоми сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистонро ба муносибати Иди саиди Фитрмуборакбод менамоям. Бароятон хонаободӣ, сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракоти рӯзгор, имону инсоф, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Иди саиди Рамазон муборак бошад, дӯстони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3269
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15449
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49048
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690968

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?