Матни равон

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот анҷом доданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон, Нодирӣ Шаҳноза ва Мирсайзод Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони вазири адлия озод гардида, Ализода Нигина ба вазифаи муовини якум, Ҳакимзода Асадулло ва Каримзода Шараф ба вазифаи муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Давлатзода Зевар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод гардида, Шарифзода Манучеҳр ва Абдураҳимзода Қурбоналӣ ба вазифаи муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Нодирӣ Шаҳноза ва Ализода Алишер ба вазифаи муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, Камолитдинзода Илёс аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод, Насриддинзода Рухшона – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Ҳаётзода Фирдавс муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқзода Абдуманнон муовини Сардори хадамоти мазкур таъин гардиданд.

Раҷабзода Маҳмадёр ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» таъин ва Шоҳиён Маҳмуд аз ин вазифа озод шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқадманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

«Бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст ва занону духтарони замони соҳибистиқлолӣ бо соҳибмаърифатӣ, фидокориву ҷасорат, ақлу заковат, донишҳои мукаммалу ихтисосҳои талаботи замони муосир дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми беназир доранд.

Саҳми занон бахусус дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустиро занони соҳибмаълумоту бофарҳанги мо ташкил медиҳанд»- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар охир ба мутахассисони ҷавону умедбахш, ки аксарият хатмкардагони муассисаҳои олии таълимии мамлакат ва хориҷӣ буда, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи олӣ медонанд, барои мукаммал гардонидани таҷрибаву донишҳои назариявиву касбӣ ва хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу миллат ҳидояту дастурҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1333
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2568
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6709
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20594
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41391
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9494868

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?