Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити дар марказ фароҳамовардашуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ аз наздик суҳбат намуданд.

Иброз гардид, ки иншооти нав дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов бунёд шуда, аз чор ошёна иборат мебошад. Ошёнаи аввал барои хизматрасониҳои бонкӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расонидани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» ҳамзамон дорои ду тарабхона бо 100 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани базму чорабиниҳои гуногун мутобиқ мебошад. Дар ошёнаи сеюми иншооти навбунёд меҳмонхона бо утоқҳои як, ду ва се нафара сохта шудааст.

Дар маҷмӯъ меҳмонхонаи Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» имконият дорад, ки дар як вақт ба 20 нафар мизоҷ хизмат расонад. Таъкид гардид, ки авҷи корҳои сохтмонӣ ва ифтитоҳи чунин иншоот дар саросари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасӣ пайдо кардани аҳолии минтақаҳои дурдаст ба хизматрасониҳои замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Феълан дар Маҷмааи «Гулистон» 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкоронро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ хонданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат дар ҳамаи сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимону бепарасторон ва нафарони эҳтиёҷманд вохӯрӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили онҳо ҳамеша тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

Аснои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгирии табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа буда, минбаъд ҳам тамоми кушишҳо ба харҷ дода мешавад, ки вазъи зиндагии чунин нафарон беҳтару хубтар гардад. Дар навбати худ кӯдакону наврасонро низ даъват карданд, ки бештар хонанд, илму ҳунар омӯзанд, то дар оянда тавонанд рӯзгори худро пеш баранд ва дар рушди бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоянд.

Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020 Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақдими туҳфа ба ятимон  30.06.2020

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:726
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13139
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91526
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631371

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?