Матни равон

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур аз соли 2007 инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин кишоварзони ин хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.

Самти асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» парвариши сабзавот, аз ҷумла помидор буда, ҳамчунин ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ба рушди боғу токзор низ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, аз 2 гектар замине, ки барои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, дар майдони 1,7 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.

Зимни боздид аз хоҷагии мазкур, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, аз заҳмати ҷавонмардонаи хоҷагидорону соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид карда шуд, ки кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 25 ҳазору 872,1 гектар зироатҳои гуногун кишт намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 210 гектар зиёд мебошад.

Киштзори деҳқонони ноҳия имсол пурбор буда, ҳадаф аст дар баробари бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карда шавад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба васеъ гардонидани заминҳои корам ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар навбати худ хоҷагидорон аз дастгириҳои фаровони давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  30.06.2020 Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  30.06.2020 Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  30.06.2020 Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  30.06.2020 Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  30.06.2020

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2671
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14851
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48450
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690370

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?