Матни равон

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд се хатти нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайҳун»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидаанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ фаъолият карда, бо маоши баланд таъмин мебошанд. Бо фаъол гардидани хатҳои нави технологӣ 25 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, теъдоди кормандон ба 55 нафар расонида шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” соли 1997-ум таъсис ёфта, марҳила ба марҳила иқтидори истеҳсолӣ зиёд карда мешавад. Қаблан дар корхонаи саноатӣ як хатти технологӣ, ки танҳо машруботи спиртӣ истеҳсол мекард, мавҷуд буд. Акнун се хатти нави тавлидотӣ ба кор доромад, ки барои васеъ намудани самти фаъолият ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, хусусан маҳсулоти хамирӣ ва маҳлули антисептикӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Фаъолияти корхона бо истеҳсоли машруботи спиртии брендҳои “Арақи Сайҳун” ва “Арақи Хуҷанд” дар зарфҳои 0,5-литра шурӯъ шудааст. Ҳоло машруботи спиртӣ ва шароб аз ангур дар зарфҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мегарданд. Асосан фаъолияти корхона ба истеҳсоли машруботи спиртӣ равона шудааст.

Бо дарназардошти вазъи эпидемикии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар корхона хатти нави истеҳсоли маҳлули безараргардонӣ ба кор даромад. Маҳлули антисептикӣ дар асоси шартнома ба муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва дигар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ дастрас мегардад.

Иқтидори истеҳсолии хатти нави технологии шароб аз ангур дар як шабонарӯз ҳазор литрро дар бар мегирад ва дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир аст.

Тавлидоти шароб аз ангури шаҳдбори диёр, ки аз лиҳози экологӣ тоза аст, дар зарфҳои шишагин бо шаклҳои гуногун ва сифати баланд анҷом дода мешавад. Меваи ангур аз хоҷагиҳои боғпарвари мамлакат дастрас шуда, бо истифода аз технологияи муосир коркард ва аз он шароб истеҳсол мегардад.

Дар хатти дигари технологӣ истеҳсоли маҳсулоти хамирӣ ба роҳ монда шудааст. Лағмон дар бастаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол шуда, дорои сифати баланд мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо афзоиши иқтидори истеҳсолӣ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ содироти маҳсулоти хушсифат ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси масъулони ширкат дар самти истеҳсоли маҳсулоти босифат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарони олии давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ ва минтақа бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ бо фаъол гардидани хаттҳои нави технологӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” иқтидори корхона бамаротиб афзуда, истеҳсоли беш аз 30 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла шароб аз ангур, маҳлулҳои безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ ба роҳ монда шуд.

Сифати тамоми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар ташхисҳои озмоишгоҳии худи корхона санҷида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад. Сифати баланди маҳсулот ва фаъолияти пурсамар сабаби  он гардид, ки нуфузи корхона дар миқёси мамлакат ва хориҷи кишвар боло рафта, тавлидоти ватанӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардад.

Баъди ба кор даромадани хаттҳои нави технологии истеҳсолӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дидан карданд.

Дар намоиш номгӯи зиёди маҳсулоти истеҳсолшуда ва дастовардҳои ширкат муаррифӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.

Масоҳати умумии корхона 3 гектар буда, дар ҳудуди он 2 бинои барҳавои истеҳсолӣ ҷойгир аст. Ҳамчунин иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои нигаҳдории маҳсулоти хом ва тайёр  низ бунёд гардидааанд, ки дар пешрафти истеҳсолот нақши муҳим доранд. Ҳудуди корхонаи саноатӣ ободу зебо буда, гулу буттаҳои мавсимӣ, дарахтони ҳосилдеҳ ва ороишию сояафкан шинонида шудаанд. Ҳамчунин ба масофаи 500 метр роҳи дохилии корхона мумфарш гардидааст.

Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” азм доранд, ки бо истифода аз фазои озоди фаъолияти соҳибкорӣ иқтидори истеҳсолиро афзун намуда, бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ истеҳсоли маҳсулоти ватаниро боз ҳам афзоиш диҳанд ва ба ин восита дар рушди бештари соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1506
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13919
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92306
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632151

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?