Матни равон

Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд. Ҳамзамон, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ ва ҷовидон гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадманде ҳастанд, ки давлатро аз маҳвшавӣ наҷот дода, мардумро дар атрофашон муттаҳид намуда, дар қалби мардум шуълаи умедро бедор карда, бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намудаанд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз равшан нест, истилоҳи «Давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Гоҳе бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо низ дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо гардид ва ҳамаҷониба рушд намуд. Дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ неруе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллии онро зери шубҳа гузорад.

Интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Дар таърихи давлати  сохибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ дар Рӯзи Президент беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги он кас дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбароне ҳастанд, ки шахсияти сиёсияшон қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтаанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошноӣ доранд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааанд. Ин аст, ки чеҳраашон чеҳраи табиӣ, шахсияташон  шахсияти воқеӣ ва хидматҳояшон  хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик 27 июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гашт. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, чор иқдоми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи глобалии ҷаҳон пазируфта шуданд.

Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистон ва тоҷиконро бо давлати озими роҳи демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр мешиносад ва эътироф мекунад. Маҳз шахсияти Ҷаноби Олӣ ва қавлу вафодории он кас буд, ки бо роҳбарии заковатмандона ва дурбинонаи эшон назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, таҳкими Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ мароми миллату давлати азизамон гардидааст.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини Гулистон дар партави сиёсати фардосоз ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз содиқона азму талош менамоянд.

Мардуми шарафманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” имрӯз шукрона аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр ва ифтихор мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор ва муаззаму маҳбуб доранд.

Ҳамагонро бо самимият бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат, сулҳу сафо ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:186
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12599
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90986
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630831

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?