Матни равон

http://president.tj/node/26687  Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи Созмони Милали МуттаҳидМаводҳо доир ба мавзӯъ:
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар омодагии кишвари худро дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳама сатҳҳо, махсусан дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид иброз менамоям.
Бовар дорем, ки ин ҳамоиш дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023 нақши муассир хоҳад гузошт.
Ёдовар бояд шуд, ки кишвари мо соли 2022 мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба бознигарии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” низ хоҳад буд.
Мо ҳама ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳамкории густурда дар ин раванд даъват менамоем.
Дар ин робита, мо аллакай корҳои омодагиро бо шарикони худ аз ҷумла бо Подшоҳии Нидерланд ва Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз намуда, ҷиҳати ташкили раванди фарогир ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси мазкур чораҳо андешида истодаем.
Барои мо мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо Подшоҳии Нидерланд ҳамраиси ин ҳамоиши муҳимми байналмилалӣ интихоб шудааст.
Зеро баъди қариб 50 сол ин дуввумин Конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба об хоҳад буд, ки бори дигар нақши калидии масъалаҳои вобаста ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор собит хоҳад кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии фарогири миёнамуҳлати ин Даҳсола, ки соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк барпо мегардад, бо умед менигарад.
Имрӯзҳо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028”, ки бо ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, татбиқ шуда истодааст.
Тоҷикистон тавассути пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.
Ҷаноби Раис,
Таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми дигаре мебошад, ки татбиқи он метавонад барои омӯзиши фарогир ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ замина гузорад.
Итминони комил дорем, ки ин ташаббус барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар ин робита, ман ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намудам, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.
Ман ба ҳайси роҳбари чунин як кишвар барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим борҳо дар ҳамоишҳои байналмилалии марбута пешниҳодҳои мушаххас ироа кардаам.
Кишвари мо аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд ва 96 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Тибқи омори дастрас танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир 11 километри мураббаъ, бо талафоти 2 километри мукааби ях коҳиш ёфтааст.
Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст.
Яке аз пайомадҳои ҷиддии ин раванд обшавии пиряхҳо мебошад.
Бар ин боварем, ки ҷаласаи мазкур барои дастрасӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва суръат бахшидан ба талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми бориз хоҳад дошт.
Мо имрӯзҳо дар арафаи ҷаласаи 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим қарор дорем.
Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зиён дида, дар аксар мавридҳо офатҳои табиӣ сабаби марги одамон ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мешаванд.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он аз кӯҳистон иборат мебошад, дар баробари дигар кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида истодааст, нигарон мебошад.
Дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим низ монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Ҳамкорони гиромӣ,
Аз ин лиҳоз, мо бо дарки нақши муҳимми Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи босамару саривақтии ин аҳдоф итминон дорем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал барои «Ҳадафҳои рушди устувор» (2020-2030) ба пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, фақр, нобаробарии гендерӣ ва маблағгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Нишондиҳандаҳои иқтисодиву молиявии кишварҳо ва оқибатҳои ногувори КОВИД-19 татбиқи саривақтии Ҳадафҳои рушди устуворро, бахусус барои давлатҳои рӯ ба рушд ва сусттараққикунанда тӯлонӣ мегардонанд.
Мо, инчунин, аз саъю кӯшишҳои созмону бунёдҳои мухталиф ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои дастрас кардани ваксина алайҳи ин беморӣ ва расонидани кумакҳои фавриву дарозмуддат ба давлатҳои узв пазироӣ мекунем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳаммияти ҳамдастии кишварҳо дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии пандемия аз Нақшаи амали фарогири Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати вокуниш ба паҳншавии КОВИД-19 истиқбол менамояд.
Ин беморӣ, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ шурӯъ гардида буд, ҳоло боиси буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст.
Бемории КОВИД-19 ва мавҷҳои боз ҳам хатарноки паҳншавии он дар баробари таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти умдаи зикршуда ҳамоно сабаби нигаронии мо мебошанд.
Ҳамкорони гиромӣ,
Мо, дар ин росто, омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милал буда, умедворем, ки онҳо аз номзадии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳанд кард.
Гузашта аз ин, ба мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи аҳдофу вазифаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ ва барқарор кардани сулҳу суботи комил аз тариқи музокирот мо тасмим гирифтем, ки номзадии кишвари худро барои касби узвияти ғайридоимӣ дар ин Шӯро барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем.
Мо азм дорем, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Департаменти амалиётҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид шумораи афсарони худро барои ҳиссагузорӣ дар ин раванд зиёд намоем.
Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон ҳамеша аз фаъолияти сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кардааст ва минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, ки дар барқарорсозӣ ва пойдории сулҳу субот дар минтақаҳои гирифтори низоъ саҳмгузор бошад.
Мо аз таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин росто қаноатмандем.
Мо дар Тоҷикистон қадру қимати сулҳ ва зарурату аҳаммияти ҳимояи онро хеле хуб дарк мекунем.
Ҷаноби Раис,
Бо дарназардошти равишу усулҳои муосири мубориза бо ин зуҳурот ва ба мақсади пиёда кардани сиёсати самарабахш дар ин самт нимаи аввали соли ҷорӣ мо Стратегияи миллиро оид ба назорати маводди нашъаовар барои солҳои 2021 – 2030 қабул намудем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир барои давраи то соли 2020 дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ҳиссагузор аст.
Муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки даромад аз муомилоти онҳо яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, иқдомҳои муштарак ва талошҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад.
Татбиқи муваффақонаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати таҳияву қабули Стратегияи нави муқовимат ба терроризму ифротгароӣ дар Тоҷикистон барои панҷ соли оянда заминаи мусоид фароҳам овард.
Тоҷикистон ба манзури таъмини сулҳу суботи пойдори сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ менамояд.
Ҳамкорони гиромӣ,
Тоҷикистон, ки бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дорад, бо идомаи саъю талошҳои худ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии онҳо дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро дар ин раванд зарур мешуморад.
Яъне ҷойи нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад.
Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем.
Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд. 
Дар ин ҳолат, сухан дар бораи қатли оми мардуми осоишта, собиқ кормандони нерӯҳои амнияти миллӣ ва хизматчиёни давлатии Афғонистон меравад.
Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст.
Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳамкорони гиромӣ,
Мо бар ин назарем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Тоҷикистон борҳо аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, даъват карда буд, ки ба мардуми Афғонистон кумаки фаврии худро расонанд.
Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳарчи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.
Мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар ин мавқеи хеш устувор хоҳем монд.
Чунки онҳоро роҳи дарози пур аз мушкилоти ҳарбиву башарӣ, ки дар натиҷаи қарори бемулоҳизаи баровардани нерӯҳои хориҷӣ аз ин давлат пайдо шудааст, интизор аст.
Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад.
Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад.
Тайи ҷанги таҳмилӣ ва нооромии беш аз чилсола, ки мардуми Афғонистон барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият гуноҳе надоранд, Афғонистон ба майдони бозиҳои геосиёсӣ мубаддал гардид ва аз оқибатҳои он тамоми ҷаҳон аз тариқи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001-ум хуб огоҳ аст.
Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад.
Яъне мо, зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.
Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.
Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем.
Ҷаноби Раис,
Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.
Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.
Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.
Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.
Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд. 
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд.
Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.
Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.
Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад.
Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад.
Ҷаноби Раис,
Нақши созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, дар амри пайдо кардани роҳҳои ҳалли босамари мушкилоти ҷаҳони муосир калидӣ мебошад.
Чунин ҳолат масъулияти давлатҳоро барои роҳандозии сиёсати дурандешона ва ҳамоҳанг шуда ҷиҳати ҳалли фарогири мушкилоти муосир дучанд мегардонад.
Вазъи бе ин ҳам ноустувори замони муосирро рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши сатҳи таҳдиду хатарҳо, инчунин паҳншавии бесобиқаи бемориҳои сироятӣ боз ҳам мураккаб кардаанд.
Ҳамкорони гиромӣ,
Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, маҳз ба шарофати  сиёсати “дарҳои кушода” ва сулҳҷӯёна, ба мо муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо ва рушди устувори кишварро таъмин намоем.
Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард.
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Ҳамкорони гиромӣ,
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Хонумҳо ва ҷанобон,Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,Муҳтарам ҷаноби Раис,

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2781
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2781
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38421
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8938483

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?