Матни равон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром ва ихлосу иродати бепоён, бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаатон дар рушду шукуфоии кишвари азизамон Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олиро бо санаи мубораки таваллудатон, таҷлили зодрўзи босаодат сидқан табрику муборакбод менамоем.

Бо ҷашни муқаддасу таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани зодрўзи мубораки Шумо баёни асосгузор ва бунёдгари таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирўзу имрўзи миллатамон будани Шумо - муҳтарам Пешвои муаззами миллат мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Шумо ҳамчун сиёсатмадори барҷаста бо мавқеи устувор ва матонати беназир на танҳо дар таъмини зиндагии орому осуда ва ҳаёти хуши халқи тоҷик саҳми бузург гузоштед, балки ҳамчун шахсияти эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ дар суботи тамоми минтақа низ нақши калидӣ доред.

Сокинони шаҳри Гулистон чун кулли мардуми сарбаланди кишварамон аз он сарфарозанд, ки дар ин соли таърихӣ Шумо Пешвои муаззами миллат дар машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Миёна барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дўстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштаракаи кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардидед.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай Шумо Ҷаноби Олӣ бо мавқеъгириҳои устуворонаатон ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоии кишварҳои минтақа изҳори андеша намуда, бори дигар Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари тараққихоҳу сулҳпарвар муаррифӣ намудед.

Мардуми шарифи кишвари азизамон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Шумо бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.

Дар ин рўзи барои ҳар як сокини мамлакат фирўз ба Шумо - Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ намудани ниятҳои неки созандаатон тамоми хушиҳои оламро таманно менамоем.

Ба бахту иқболи давлату миллат ва мардуми кишвари азизамон ҳамеша саломату сарбаланд бошед, муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:990
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1879
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2869
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:990
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8745717

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?