Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.

Дар қисми асосии бино мактаби замонавии “Дурахшандагон” таъсис дода шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии сеошёна бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият ба омӯзгорон ва таҳсили хонандагон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.

Муассисаи таълимии “Дурахшандагон” бо дарназардошти талаботи муосири соҳа бо тарҳи зебову замонавӣ барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2020 оғоз шуда, иншоотро  бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПМК-27” анҷом додаанд.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи  насли  ояндасози кишвар  беҳтарин шароит муҳайё карда  шудааст.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин мактаби типпи нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, физика, химия, география ва синфи рассомӣ ҷой дода шудаанд.

Синфхонаҳои фаннӣ ва утоқҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсиҳои нав, ҷевон, тахтаҳои электронӣ, маҷмуи компютерҳо, аёнияту таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 40-нафараи омӯзгорони муассисаи таълимии “Дурахшандагон” имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархурдор намоянд. Ҳамчунин 10 нафар омӯзгорони ботаҷриба аз Федератсияи Русия даъват  шудаанд.

Соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди чунин иншооти муҳими соҳаи маориф, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас нақши бориз дорад, саҳми арзанда мегузоранд.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд.

Саҳну ҳудуди ин боргоҳи наву замонавӣ — мактаби “Дурахшандагон” бо шинонидани дарахтони ороишиву гулҳои мавсимӣ зебою назаррабо гардидааст.

Дар шафати муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон барои аҳолии ин ҳудуд ҳаммоми замонавӣ сохта шудааст.

Ҳаммом бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, бо системаи гармидиҳии худ таъмин аст. Хонаи либосивазкунӣ, ҷои оббозии мардонаву занона, хонаи истироҳат ва дигар хуҷраҳои соҳавӣ дар иншооти мазкур ҷой дода шудааст.

Бо назардошти афзудани аҳолии деҳоти Хистеварз бунёди мактаби замонавӣ ва ҳаммому кошонаи хусн муҳиму саривақтӣ дониста мешавад.

Дар ҳаммоми  навбунёд 10 нафар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Пиру барнои ин сарзамин бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипос намуда, илова намуданд, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3761
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4572
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24071
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23223
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:16672
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:112085
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4663836

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?