04 Феврал 2022
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида, дар ин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои гуногуни варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо ҳамин мақсад дар майдони варзишии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон мусобиқаи футбол байни ташкилоту муассисаҳо ташкил ва баргузор карда шуда, ғалибони мусобиқаи мазкур бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ гардиданд. Масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзиши"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун тақвият бахшанд.