14 Феврал 2022
Имруз 14 феврали соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди раиси шаҳр бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо доир гардид.
Дар машварати корӣ масъалаи сатҳи қабули меҳмонони олиқадр дар рӯзҳои 8 ва 9-уми феврал ва мавриди баҳрабардори қарор дода шудани иншоотҳои кӯдакистони “Бобуна” дар шаҳраки Сирдарё, биноҳои КИ ҲХДТ дар шаҳр, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва боғи фарҳангию фароғатии Темурмалик баррасӣ гардид.
Аз тарафи Раиси шаҳр ишора ба омодасозии иншоотҳо ва дар сатҳи талаботҳои этикӣ баргузор шудани қабули меҳмонон баҳои мусбӣ дода шуда, таъкид гардид, ки дар чунин маъракаҳои сиёсӣ на ҳама роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва масъулон иштироки фаъолона доштанд. Зарур шуморида шуд, ки минбаъд ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Аз ҷониби Раиси шаҳр, Ҳошимзода Раъно вобаста ба дастуру супоришҳое, ки 9 феврал дар машварати корӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дода шуданд, ёдовар шуда, доир ба самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар назди масъулон супоришҳои мушаххас гузошта шуд.
Инчунин роҷеъ ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бунёди корхонаҳои навтаъсис ибрози андеша намуда, ишора карда шуд, ки барои тезонидани корҳо дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Ҳамчунин оиди ба таври дахлдор ба роҳ мондани эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19, пардохти ҳаққи хизматрасонии барқ, тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва дигар масъалаҳо дастурҳо дода шуд.