22 Феврал 2022
Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи парандапарварӣ авҷи тоза гирифта, махсусан гушти мурғи парҳезӣ ва тухм, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда талаботи бозори истеъмолии кишварро ба дасти худ гирифтаистодааст. Ин раванд дар шаҳри Гулистон низ мавқеъ ва ҷойгоҳи хосаи худро пайдо намуда, дар миёни корхонаҳои калони саноатию истеҳсолӣ корхона ва коргоҳҳои парандапарварӣ низ зиёд гардида истодаанд.
Бо мақсади шиносои бо вазъӣ истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мурғи аълосифат” иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 22 феврали соли 2022 ба корхона ташриф оварда, бо роҳбарият ва коргарон сӯҳбат доир намуд.
Корхонаи мазкур 22 марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттиллои роҳбари корхона Бобоев Парвиз Мақсудович истеҳсолот асосан ба гушти мурғи бройлерӣ нигаронида шуда, парвариши чуҷа, истеҳсоли хӯроки паранда, забҳ, борпечкунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анборҳои худи корхона анҷом дода мешавад.
Корхона дар масоҳати 6 гектар бунёд гардида, аз сехҳои инкубаторӣ, парвариши чуҷаҳо, коркарди хуроки парранда, буғхона, анбори нигоҳдорӣ ва озмоишгоҳ иборат аст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1380 тоннаро ташкил дода, 37 нафар коргар бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошад. Музди миёнаи маоши коргарон 1355 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондодҳоро роҳбари корхона натиҷаи ниҳои маънидод накарда афзуд, ки корхона барои баланд бардоштани нишондодҳо саъю талош дорад.
Раъно Ҳошимзода -иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон ба сифати корҳо ва риояи қатъии талаботҳои санитарию гигенӣ, тозагии атроф ва корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, дастур дод, ки ҷиҳати таъмини пурраи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти гушти мурғи бройлерӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад. Барои омухтани таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳои пешсафи дохил ва хориҷи кишвар мутахассисон сафарбар карда шуда, таҷҳизоту технологияи муосири истеҳсоли ворид карда шавад. Таъкид карда шуд, ки бо назардошти давраи рушди соҳаи саноат барои баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолии корхона вка бунёди коргоҳҳои нав тадбирҳо андешида шавад. Ҳамзамон ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки аз лиҳози мавқей ҷойгиршавии корхона дар минтақаи саноатии шаҳр барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз қабили сехҳои истеҳсолӣ макарон ва истеҳсоли дигар навъӣ маҳсулоти саноати сабук чораҷуй намоянд. Дар навбати худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии ҳамаҷонибаи корхона омода аст.