Матни равон

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти бародари гиромиатон, Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андӯҳи бузурги мо гардид.

Марҳум ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Аморот саҳми бузург гузоштааст.

Дар замони раҳбарии шодравон ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот рушду тавсеаи тоза ёфта, ба сатҳи сифатан баландтар бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо эшон бо некӣ дар ёд дорам. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод.

Дар ин рӯзи мусибати бузург аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол масъалат дорам, ки шодравонро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун”.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2078
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2715
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15821
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45695
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7934043

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?