Матни равон

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз гармои шадид эҳтиёт кунед!

Даҳаи охири моҳи июн бо пайғоми оғози гармои шадид барои кишвар ба поён мерасад. Аз ин ба баъд сокинони кишвар бояд худро ба гармиҳои шадид омода созанд. Бахусус касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат хабар медиҳад, то 3 – уми июл ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ гарму бебориш боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар кӯҳҳо ва омадани селҳо вуҷуд дорад. Ҳамзамон ин ҳолат метавонад ба баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад.

Дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе ва водиҳо ба 37 + 43 дараҷа хоҳад расид, дар кӯҳҳо ва ғарби ВМКБ  +31 + 36 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд.

Чанд тавсияи Кумита барои ин рӯзҳо:

Кӯшиш кунед ҳарчи камтар зери нури офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;

Ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед;

Дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳақи онҳоро фаромӯш накунед;

Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;

Бештар ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;

Ба пӯшиши хуб эътибор диҳед. Талош кунед дар ин рӯзҳо асосан либосҳои омодашуда аз нахи пахта истифода намоед ва аз пӯшидани сару либоси синтетикӣ худдорӣ намоед.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:943
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6482
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14694
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18792
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60523
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9446292

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?