Матни равон

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор шуд, дидан намуданд.

Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинони шарафманду заҳматпешаи шаҳри  Истиқлол бо ифтихори баланди ватандорӣ ва суруру шодмонӣ иштирок намуда, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ҳамчун ҷашни кадимаи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки ҷавҳари аслии ин ҷашни бостониро саодату хушҳолӣ, ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ ва банёдкорӣ дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву маҳалли зист, кӯчаву хиёбон, шинонидани ниҳол ва коштани донаи умед мебошад.

Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин ҷо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд.

Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро таомҳои миллӣ, аз қабили ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда зебу зиннат мебахшид. Дар дегҳои алоҳида кадбонувон суманак омода мекарданд, ки он аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз аст.

Инчунин кадбонувони соҳибзавқу хушсалиқаи шаҳри Истиқлол дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир ва амсоли ин омодаву пешниҳод карданд. Дар ин баробар маҳсулоти қаннодию шириниҳо, шарбату афшураҳо ва мураббои мевагӣ низ ба маъраз гузошта шуд. Дар як гӯшаи базмгоҳи наврӯзӣ ҷавонон бозиҳои варзишӣ, шеъру таронахонӣ ва гулбазм барпо карданд.

Дар намоиши наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, намадбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзию кашидадӯзӣ, шерозбофӣ, атласу адрасбофӣ ва ҷомадӯзию тоқидӯзӣ аз тарафи бонувони ҳунарманди шаҳр муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ, сандуқсозӣ, оҳангарию дуредгарӣ ва дигар навъи ҳунарҳои дастӣ низ дар байни сокинони шарафманди шаҳри Истиқлол солҳои охир аз нав эҳё шуда, аз насл ба насл гузашта, рушду нумуъ меёбанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо, мардуми шарафманди тоҷик бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст. Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки сокинони сайёра ба ин оини моҳиятан фарҳангиву инсонпарваронаи тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи баҳамоӣ, таҳкими сулҳу субот ва дӯстию рафоқат эътироф менамоянд.

Хусусияти дигари ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Сокинони заҳматпешаи шаҳри Истиқлол бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст, ташкили бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин ҷашни хусравонӣ андешаронӣ карда, барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон ба сокинон изҳори сипос намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:374
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12787
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91174
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631019

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?