27 Май 2023
Имрӯз, 27 майи соли 2023 бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон ва сокинон, машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.
Дар машқи пагоҳирӯзӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассисаҳо, ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр иштирок намуданд.