04 Сентябр 2023
Имрӯз, 04.09.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки бахшида ба 32-солагии истиқлоли давлатӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 21 июни соли 2023, “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ”, рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 29.08.2023, №183 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2024” ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нахуст Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода барои дар сатҳи баланд иштирок намудан ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки бахшида ба 32-солагии истиқлоли давлатӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад ба масъулин супоришҳо дод.
Сипас, рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 21 июни соли 2023, “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт супоришҳо дода шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 29.08.2023, №183 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2024” таъкид карда шуд, ки тибқи нақшаи муқарраргардида маъракаи қабули Обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2024 дар муҳлати муайяншуда босифат иҷро карда шавад.
Бо баррасии масъалаҳои ҷорӣ доир ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр кори ҷаласа ба итмом расид.