Матни равон

Имрӯз, 04.09.2023 дар толори хониши бахши фарҳанги шаҳр мҳфили илмӣ-адабӣ ба ифтихори Рӯзи китоб таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳои китоб аст” бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона ва ҳайати кормандон баргузор карда шуд.

Дар маҳфили мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳр Раҳимова Муяссар ва директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр Биомина Мирзоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Санаи 04.09.2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.

Зимни ифтитоҳи ин бинои маърифатӣ 20 марти соли 2012 Пешвои миллат иброз намуданд, ки “тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд”.

Дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари оқилу дурандеши давлати тоҷикон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.

Иқдоми шоистаи дигар, ки дар самти китобхон шудани ҷомеа рӯи кор омадааст, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.

Аз ҷумла, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм—фурӯғи маърифат” ва ««Тоҷикон»— оинаи таърихи миллат» мебошанд, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд. Озмунҳои мазкур ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамоянд.

Китоб ганҷинаи бебаҳое аст, ки роҳи тираро равшан ва қалби инсонҳоро саршор аз меҳру муҳаббат мегардонад. Китоб ҳадя намудан рамзи эҳтирому арҷгузорӣ  ва нигоҳдошти суннати аҷдодии мо аст.

Сипас, аз ҷониби хонандагони фаъоли китобхона доир ба бузургдошти китоб гуфтор ва шеърҳо қироат карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1231
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1651
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1231
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12798
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:65166
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8274678

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?