19 Сентябр 2023
Имрӯз, 19.09.2023 тибқи нақшаи муштараки тасдиқгардидаи гурӯҳҳои таблиғотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24-уми декабри соли 2022, №1920 баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Маликислом Наим Мунаввар мушовири Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Аминҷон Шарифзода сармуҳаррири нашрияи “Ҳақиқати Суғд”, Солиҷонов Нодирҷон собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24-уми декабри соли 2022, №1920 ба тасвиб расид. Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд, ки аз 5 бобу 22 модда иборат аст. Мақсад аз таълиф ва ба амал баровардани қонуни мазукур, ин баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, боло бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳии шаҳрвандон мебошад.
таъкид карда шуд, ки дар қонуни мазкур мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ чунин зикр гардидааст: “Фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст”.
Баромадкунандагон қонуни мазкурро ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ дода, доир ба аҳамаият ва татбиқи он сухан ронданд.