26 Июн 2024
Таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор карда шуд.
Дар кори Ситод аъзо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2024, №192 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 22.04.2024, №86, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 30.04.2024, №131 ба имзо расида, ҳайати Ситод аз нақшаи чорабиниҳо дар 21 банд таҳия ва тасдиқ шудааст.
Доир ба ин масъала дар назди Раиси шаҳр Ситод баргузор гардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуда, аз ҷониби соҳаҳои буҷетӣ доир ба ин масъала қарорҳои дахлдор тасдиқ шуда ба котиби Ситод дастрас гардидааст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои соҳаи иҷтимоии шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 бо ҶДММ “Фазои савдо” шартнома ба имзо расонида, захираи ангишт ва ҳезумро оғоз намудаанд.
Ҳамчунин дар шаҳр як адад нуқтаи статсионарӣ ва сайёрӣ фурӯши ангиштсанг ташкил карда шудааст.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати зудтар дастрас намудани ангиштсанг, таваҷҷуҳ намудан ба сифати он ва дигар маводҳои сухт тадбирҳои зарурӣ андешида мунтазам ба унвони Ситод маълумоти хаттӣ ирсол намоянд.