Матни равон

Имрӯз, санаи 09 августи соли 2024  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  тибқи нақшаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нақшаи кории  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024  «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  бо фаъолон ва роҳбарони корхонаҳову муассисаҳои шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии имрӯза ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Собирзода И., Сардори бахши такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Иброҳимзода Т., Устоди кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашуров М. ва Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони С. иштирок намуда, бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ  дар  мавзӯҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи рушди ҷомеаи муосир,  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №533, Танзими ҷашну маросим унсури муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, Нақши оила ва муносибатҳои оилавӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм муҳокимаронӣ ва суханронӣ намуданд.

Қобил ба зикр  аст, ки  дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд. Хотирнишон бояд кард, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд, комилан амалӣ шаванд. Элон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дод. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи иқдоми соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» зарур аст, ки аз ҷониби намояндагони муассиса ва идораҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки доираи васеи табақаҳои мухталифи ҷомеа чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ бештар ба роҳ монда шавад. Зеро баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунин, эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1759
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17105
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41108
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199863

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?