Матни равон

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона баргузор карда шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба ин муносибат ба самъи иштирокчиён расонид.

Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди неки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ормонҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва махсусан соҳаи варзиш заминаи мусоид фароҳам овард.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошт.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва ҷойгоҳи хоса касб намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 135 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Варзишгарони шањр дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ  дар маљмуъ соҳиби 784 медал гардиданд.

Дар шаҳр як мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият дорад, ки  кӯдакону наврасон ба машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра 82 маротиба мусобиқаҳои деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни ташкилоту идораҳо оид ба намуди футбол, волейбол, гуштин ва шашкаю шоҳмот ташкил ва баргузор карда шуд.

Ба муносибати эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии футбол ва ба муносибати  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон оид ба футболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо дар  варзишгоҳи маркази шаҳр  баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Изҳори итминони карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Дар вазъи тантанавӣ як қатор варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Сипас аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:309
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1940
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7086
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11611
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17591
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8118908

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?