Матни равон

Субҳи имрӯз, 01.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи уммумии №14-и маркази шаҳзр Рӯзи дониш бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ ба садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи иштирокдорон расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  зимни суханронии худ хонандагону омӯзгронро бо фарорасии Рӯзи дониш муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз аз файзу баракати Истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият фаро мегиранд.

Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи  илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Пешвои муаззами миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки: "Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”.

Дар сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи  илму маориф дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон  барои  рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад.

Итминони комил дорам, ки хонандагону омӯзгорон бо дарки ҳисси баланди масъулият, дар ҷодаи таълиму тарбия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ба дастовардҳои нав ба нав муваффақ мешаванд.

Сипас,  хонандагону омӯзгорон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи донишро ба таври мустақим тамошо намуданд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар Кохи фарҳангии "Истиқлол" суханрониро тамошо намуданд. Дар ҳамаи муассиҳои таълимии дигар низ дарси сулҳ ҷараён гирифта, суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман тамошо намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:690
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1387
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9559
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13195
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8171950

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?