01 Октябр 2024
Санаи 30.09.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ Корхонаи “Коркард” ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо шарикии сармоягузорони хориҷӣ бунёд гардида истода, пас аз мавриди истифода қарор дода шудан дар он аз 40 то 80 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Корхона иқтидори дар як шабонарӯз коркард намудани 160 тонна партовҳои металӣ ва маъданро доро мебошад. Дар корхона васлу насби таҷҳизот идома дошта, масъулин азм доранд, ки то охири соли ҷорӣ корҳоро ба анҷом расонанд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Консой ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин дам 10 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст. Масъулини ҷамоати шаҳрак азм доранд, ки бо ҷалби соҳибкорон теъдоди иншооти ҷашниро афзун намоянд.