Матни равон

Имрўз, 03.10.2024 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Гулистон”, нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун, донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид.

Конфренсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар кори конференсия Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Мусо Олимҷонов  доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Исмоил Саидов мудири бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Ва то вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд. Бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҳолати адами қудрати сиёсӣ ҳатто забонҳои дорои собиқаи бузурги фарҳангӣ, захираи фарогири луғавӣ, сохти пурқувват ва озмудашудаи грамматикӣ, фонетика ва хосияти ниҳоят ҷаззоби орфоэпӣ аз байн рафтанд. Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазорсолаҳост. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқаддимаи китоби худ  “Забони миллат-ҳастии миллат” таъкид намудаанд:  “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо ба ҳифзи асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва боло рафтани мақоми он шароити зуруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто беназир аст.

Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1989 қабул шуда буд, маҳз туфайли ғамхории Сардори давлат татбиқ гардид. Вобаста ба қонуни мазкур ва таҷдиди он дар мулоқот бо зиёиёни кишвар Роҳбари кишвар изҳор доштаанд: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шӯравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст. Бинобар он барои таҳияи лоиҳаи нави қонун гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки он бояд дар асоси меъёрҳои таърихиву адабӣ, ниёзҳои таҳаввулоти ҷомеа ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ лоиҳаи қонуни навро омода сохта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳадаф аз қабули қонуни нав, пеш аз ҳама, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, таъмини истифодаи фарогир ва густариши ҳамаҷонибаи он дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мебошад, ки ин амр тақозои воқеияти замон аст».

Ҳаминтавр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5-уми октябри соли 2009 аз нав қабул гардид.

Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих мебошанд, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузоштанд, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон додданд. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат нақши  наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо оварданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1158
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16504
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40507
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199262

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?