Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр доир ба пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, экстремизму терроризм ва таҳдиди он ба амнияти давлат мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки  ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.

1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Дар вохӯрӣ доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат ибрози андеша намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба таассубу хурофот, экстремизму терроризм, сабаб ва омилҳои хатару таҳдидҳо, пешгирии рӯ овардан ба фарҳанги бегона ва бархӯрди фарҳангу манфиатҳо суханронӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:390
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:847
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8751
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59888
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8269400

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?