Матни равон

“Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони муосир дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад. Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда расонида, ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.

Аз замони касби Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.”

Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа низ таъсиргузоранд. Аз замони тасвиби «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» дар таърихи 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуданд.

Санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020, №1714 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.

Дар моддаи 1 Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт пешбинӣ шудаанд. Метавон шарҳи мафҳумҳои зеринро мисол овард: 1) — муқовимат ба коррупсия – фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; 2) — ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ мегарданд; 3) — хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.

Тибқи муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур пешгирии коррупсия яке аз чораҳои муқовимат ба коррупсия буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

1) тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ;

2) таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ;

3) таҳлили хавфҳои коррупсионӣ;

4) мониторинги зиддикоррупсионӣ;

5) экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

6) чораҳои назорати давлатии молиявӣ;

7) талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор;

8) мамониат барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда;

9) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда.

Дар навбати худ, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат дар ҷумҳурӣ ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, амалӣ карда шуданд.

Дар илова ба санадҳои номбурда, инчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр дар давраи амали ин Стратегия чунин тадбирҳо бояд роҳандозӣ карда шаванд:

— муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

— баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия;

— бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ;

— муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия;

— пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он;

— муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ;

— тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;

— муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ;

— баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;

— ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия;

— муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт;

— такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ;

— татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қобили тазаккур аст, ки мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд. Зимнан, муқовимат ба коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда шуда, самаранокии он ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандӣ дорад.

Дар ин замина, вазорату идораҳои марбута, ташкилоту муассисаҳои гуногун ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи рафъи омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар самти муқовимат ба коррупсия тадбирҳои муайян роҳандозӣ намуда истодаанд. Фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ — Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин радиф қобили тазаккур мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар асоси банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бандҳои 1 ва 2 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи кории дохилиидоравӣ ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ гардида, татбиқи чорабиниҳо аз рӯи он ҷараён дорад.

Табиист, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат ба он кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.

Абдуллоев Фаридуншоҳ,
мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷрояи
ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:359
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1228
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2983
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18962
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45948
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8204703

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?