Матни равон

Тибқи нақшаи тастиқгардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 31.10.2024 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар қабул ва амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони соҳаои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, устоди донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ғолибҷон Санавбаров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси  шаҳр Боқиев Рустамҷон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ карда шуд.

Зикр карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон пайдо гардида, сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона роҳандозӣ намояд ва қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон гузорад. Вале расидан ба ин мақсадҳои бузург танҳо баъд аз Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат давлатдории миллӣ эҳё гардид ва принсипҳои асосии он дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуданд.

Пешвои миллат зарурати қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 ёдовар шуда, таъкид намуданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Бо дарки муҳимияти қабули Конститутсия барои рушди давлатдории навин, дар шароити басо душвор ва мураккаб барои мамлакат ва мардуми он Пешвои миллат талоши онро намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи зудтар  қабул гардад. Зеро маҳз ҳамин санад метавонист ҳамчун сарчашмаи ягонаи таъмини давлатдории навин, сулҳу оромӣ, назму тартибот, қонунияту адолат ва танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат кунад.

Маъмулан, конститутсия ҳамчун шиносномаи миллат ва нишони фаъолияти расмии ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст. Ва кишвари мо, асосан, баъд аз қабули Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлоли комили худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар ин санади сарнавиштсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шуд. Ҳамзамон, дар ин ҳуҷҷати  таърихӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ чун рамзҳои давлатӣ қабул гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият муайян шуданд.

Нақши Пешвои миллат дар таҳия, қабул ва амалишавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои конститутсионӣ хеле назаррас ва арзишманд аст. Аз ҷумла, бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат комиссияи конститутсионӣ  оид ба таҳияи  лоиҳаи  Конститутсия ташкил гардид. Комиссияи мазкур ҳуҷҷатеро омода кард, ки ба шароит, вазъият, мафкура, фарҳанг, таърих ва хусусиятҳои давлатдории миллии мардуми Тоҷикистон комилан мувофиқ бошад.

Маҳз бо иқдоми Пешвои миллат дар фазои мураккаби сиёсӣ ба хотири ҳифзи истиқлол, суботи сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфт. Комиссияи мазкур зери роҳбарии Пешвои миллат ду лоиҳаи Конститутсияро омода намуд. Асоси онро Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд, зеро зарур буд, ки дар Конститутсия асосҳои ҳуқуқии ин рӯйдоди таърихӣ мустаҳкам карда шавад.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия низ аз иқдомҳои Пешвои миллат буда, ҷонибдории халқ аз лоиҳаи Конститутсияе, ки дар худ шакли идоракунии президентиро муқаррар мекард, аз ҳамовозии мардум ва Сарвари давлат шаҳодат дод, зеро маҳз шакли давлатдории президентӣ вобаста ба омилҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ барои давлатдории навин дар кишвари мо мусоид ва самаранок буд.

Дар моддаҳои Конститутсия меъёрҳое муқаррар гардиданд, ки аз хирадсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Ҳамчун намуна метавон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ, низоми сиёсии демократӣ, гуногунандешӣ, тағйирнопазирии ҳудуди Тоҷикистон ва нуқтаҳои дигари ин санади таърихиро зикр намуд.

Марҳала ба марҳала ташаббус нишон додани Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ ҷиҳати пешрафти ҷомеа, дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инкишофи забони давлатӣ, мутобиқгардонӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсири манфӣ ва мусбати ҷаҳонишавӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 низ гувоҳи нақши Пешвои миллат дар такмилу таҳкими асосҳои конститутсионии давлати муосири тоҷикон аст.

Махсусан дар амалишавии меъёрҳои конститутсионӣ нақши Сарвари давлат ниҳоят бузург аст, зеро бо ташаббуси Роҳбари давлат фаъолияти мақомоти конститутсионӣ танзим ва мустаҳкам гардида, ҳамаи онҳо имрӯз дар пешрафти давлатдорӣ саҳми мушаххас мегузоранд.

Бо ба инобат гирифтани аҳамияти хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлатдории миллӣ бахшида ба 30-солагии қабули он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида, 30-юмин солгарди қабули ин санади таърихӣ дар кишвар бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.

Дар маҷмуъ, иқдомҳои Пешвои миллат дар омодасозӣ, қабул ва такмили Конститутсия дар марҳалаҳои ҳассоси пойдоршавии давлати навини тоҷикон нақши муассир гузоштаанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1037
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16383
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40386
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199141

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?