03 Ноябр 2024
Санаи 02.11.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Кишоварзони пахтакори вилояти Суғд тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки нисбат ба давраи соли гузашта имсол низ натиҷаи дилхоҳ бадаст оваранд.
Ҳамарӯза теъдоди зиёди пахтачину ҳашарчиён ба майдони пахтазор баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кумак мерасонанд.
Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии болозикр иброз намуд, ки нашъунамои пахта хуб авҷ гирифтааст ва умед аст, ки аз ҳар як гектар замин аз 30 то 50 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати то фасли сармо ҷамъоварии ҳосили пахта ба деҳқонон кумаки худро дареғ намедорад.