20 Ноябр 2024
Санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон тибқи нақшаи кории Суди шаҳри Гулистон бо сокинони шаҳрак вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Судяи суди шаҳри Гулистон Раҷабзода Сорбон, корманди суди шаҳри Гулистон Бобурзода Муҳаммад ва котиби маҷлиси суди шаҳри Гулистон Комилзода Шоҳрух иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.
Дар тавзеҳоти Фармони Президенти кишвар гуфта мешавад, ки: «Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад».
Дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани соли 2024-ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барои арҷгузорӣ ба ин шаҳкитоби бахти миллат ва бо дарки масъулият ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ дар ниҳоди ҳар як сокини кишвар заминаи созгор фароҳам меорад. Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо доир ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кишвар дар ҳамаи соҳаҳо чорабиниҳои гуногун доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор мегардад, матлабҳои зиёд дар рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ ва радиову телевизион нашр ва инъикос мегарданд, ки барои ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа нақши бориз мебозанд.