Матни равон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати ҷашни 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар доираи ҳафтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби зодаи даврони истиқлол” бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор намуд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон буда, метавон онро зодаи истиқлол номид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дод. Ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, мутаҳҳид менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфт. Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо, фитнаву иғвои ҳангомаҷӯён, бадхоҳони миллат ва Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Ин нерӯи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омада, тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн барад, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардонад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфт, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед башид. Дар тӯли 30-соли фаъолияти худ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ниҳоди сиёсии пурнуфуз табдил ёфта, тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар сафҳои худ муттаҳид намудааст ва бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо фаъолият намуда истодааст.

Баромадкунандагон раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” Бибиомина Мирзоева, корхонаи воҳидии «Экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум» Ғуфрон Абдуллозода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар раванди барқарор намудани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ хело назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар поёни конференсия пешқадамони соҳаҳои гуногуни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1268
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1952
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4932
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:26856
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8236368

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?