09 Декабр 2024
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳр, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо занон ва оила, дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 7.12.2024 дар шаҳри Гулистон, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Бахши кор бо занон ва оила ва МДМВ шаҳр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии волейбол байни бонувони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа ҷойи аввал насиби бонувони Маркази саломатии шаҳр, ҷойи дуюм насиби бонувони МТМУ №14 ва МИҲД шаҳр ва ҷойи сеюм насиби бонувони беморхонаи марказии шаҳр гардид, ки ғолибон бо медал, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷамъбатӣ мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо занон ва оила Сатторова Матлуба ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Дар ин баробар масъулинӣ Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мурабиён азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон, бонувон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.