09 Декабр 2024
Боиси хурсандист, ки ин санаи муҳимро кормандони соҳаи геология бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбишон табрику таҳният менамоям.
Қобил ба тазаккур аст, ки дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни рушди соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз кашшофони қаъри замин нақши муассир доранд. Сарзамини мо бо сарватҳои табиӣ шӯҳрат дошт ва мардум онҳоро барои пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурд.
Бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатии кишвар геология ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил ёфт. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳаро чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва рушду нумўи он чораҳои судманд меандешанд.
Дар ин замина геологҳо баҳри ҷустуҷўю дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу масолеҳи сохтмон хеле заруранд, фаъолияти самарабахш бурда, ҳамзамон дар обёрӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо саҳми арзанда мегузоранд.
Боиси қаноатмандист, ки имрўзҳо дар шаҳри Гулистон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Конибодом ва Истиқлол корҳои ҷустуҷўиву геологӣ идома ёфта, дар дигар мавзеъҳо барои дарёфти захираҳои иловагии маъданҳо амалиёти муайянкунӣ, баҳодиҳӣ ва ҷустуҷӯ ҷараён доранд.
Натиҷаи фаъолияти геологҳо мебошад, ки имрўз дар ҳудуди вилоят корхонаҳои калонтарин ба истеҳсоли тилло, нуқра, сурма, сурб, нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ машғул мебошанд ва бунёди корхонаҳои нави соҳа идома дорад.
Итминони комил дорам, ки геологҳо боз ҳам анъанаҳои кашшофонро таҳким бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас мегузоранд.
Бо чунин таманнои нек ба ҳамаи кормандони соҳаи геология хонаи обод, рўзгори пурфайзу баракот ва саломативу барори кор таманно дорам.